Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан

Аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

10. Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

87. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 60 рўз дода мешавад.

88. Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

– аризаи муроҷиаткунанда (замимаи 5);

– маълумотномаи шўъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;

– ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ё аризаи ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи шиносномаҳояшон, ки оид ба мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва аз ҷониби корманди консулӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудаанд.

Дар ҳолати набудан ва ё гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ;

– 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;

– расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок бошад).

89. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 88, шаҳодатномаи бозгашт бе ҳамоҳангии иловагӣ дода мешавад.

90. Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 88, корманди масъули намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он дархост ирсол менамояд.

91. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маҳаллии он дар мўҳлати 10 рўзи тақвимӣ чорабиниҳои заруриро оид ба муайян кардани шахсияти шахси муроҷиаткунанда гузаронида, оид ба натиҷаи он ба мақомоти ваколатдори давлатии дархосткунанда ҷавоб ирсол менамояд.

92. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа, пас аз муайян кардани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.

93. Мўҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 20 рўзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (тафтиши иловагии ҳуҷҷатҳо) мўҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мўҳлати на зиёда аз 15 рўз тамдид карда шавад.

94. Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.

95. Дар ҳолатҳои истисноии дар мўҳлати муқарраргардида баргашта натавонистани шаҳрванд (ҳолатҳои фавқулодда, бемории вазнин ва дигар ҳолатҳои аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснок дубора содир карда мешавад.

Замимаи 1 Ба Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 5

Ба Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ариза барои додани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон