Ҳамкориҳои иқтисодӣ

Чин калонтарин сармоягузор ва калонтарин шарики тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин дар мавҷуд будани потенсиали муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад. Айни замон ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаи энергетика, саноати кӯҳӣ, соҳаҳои кишоварзиву маориф арзи вуҷуд доранд.

Тиҷорати дуҷониба узви асосии робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чинро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар тӯли 20 соли охири баъд аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин бо суръати баланд рушд мекарданд. Агар соли 1993 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон Чин 8,9 миллион долларро ташкил медод, соли 2003 ин нишондиҳанда ба 38,8 миллион доллар расид. Соли 2012 бошад, ин нишондиҳанда ба 1,857 миллиард доллар баробар шуд. Дар ин давра содирот аз Тоҷикистон ба Чин якуним баробар афзоиш ёфт. Аз Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум, таҷҳизоту мошинолот, маводҳои сохтмон, озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Умуман сохтори воридоти Чин 1999 номгӯи маҳсулотро ифода мекунад.

Дар давраи аз соли 2006 то 2013 бо иштироки ширкатҳои чинӣ 31 километр тунелҳои автомобилгард, 1700 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта бо 200 пулҳои хурду калон ва даҳҳо ҷойҳои зиддитармаву ярҷҳо сохта ба истифода дода шуданд.

Бунёди роҳи автомобилгарди пайвасткунандаи Душанбе ва Қошғар нишона аз ташаккулёбии фазои ҳамгироии нақлиётиву иқтисодии минтақа ба шумор мерафт. Ин роҳ барои ҳар ду кишвар хислати мутақобилан судманд дошта, бахусус ба Чин барои ба Афғонистону Эрон баромадан ва барои Тоҷикистон бошад, барои баромадан ба Чин, Покистон ва Ҳиндустон аҳамият дорад.

Соли 2009 соли пурмаҳсултаринин робитаҳои Тоҷикистону Чин ба шумор меравад. Дар ин сол якчанд лоиҳа дар соҳаи энергетика, ки барои рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон доранд, ҷорӣ шуданд.

Хати интиқоли барқи 500 «Ҷануб – Шимол» ба истифода дода шуд, ки шабакаи энргетикии кишварро ба як системаи ягона муттаҳид кард. Инчунин ду Маркази гармидиҳии Душанбе ба истифода дода шуданд.

Дар аввали соли 2014 дар Тоҷикистон аллакай 100 ширкат дар асоси сармоягузории Чин фаъолияткунанда ба ҳисоб гирифта шуд. Ин ширкатҳо дар соҳаҳои энергетика, алоқа, инфрасохтори нақлиётӣ, саноати кӯҳӣ кор мекунанд.

Соли 2015 ба бунёди минтақаи аввалини саноатии “Тоҷикистону Чин” оғоз бахшида шуд. Дар ин минтақа руҳ, сурб ва мис истихроҷ карда мешавад. Ҳаҷми сармоягузорӣ 500 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ тасими гирифтааст, то ин ки то соли 2020 ҳаҷми истихроҷи тиллоро то 5-7 тонна дар як сол расонад. Сармоягузорони чинӣ дар конҳои ангиштсанг, фосфор, қалъагӣ, оҳан, сурма ва металлҳои нодир кор мекунанд.

Бо бастани Эъломияи муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани шарокати стратегӣ, Корпоратсияи милии нафт ва гази Ҷумҳурии Мардумии Чин «CNPC» бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи соҳавӣ оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расонд. Фаъолияти CNPC барои ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нафту газ дар ҳамкорӣ бо ширкати канадиявии “Тетиспетролиум” ва франсузии “Тотал” ба роҳ монда шудааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии сармояҳои хориҷии ба иқтисоди Тоҷикистон воридшаванда аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2016 маблағми 221,1 миллион додлларо ташкил дод.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо 121,1 миллион доллари маблағи зикргардида ба сармоягузории мустақим рост меояд. Беш аз нисфи ин сармояҳоро 56,5 фоиз ё 67,8 миллион долларро сармояҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил медиҳанд.

Чин соҳаи молия, саноати геологӣ, алоқа, саноати сохтмон, истихроҷ ва коркарди маҳсулоти нафтӣ, кишоварзиро сармоягузорӣ кардааст.