Иртиботҳои фарҳангӣ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги Чин бунёд шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври доимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронда мешаванд.

Рӯзи 2 сентябри соли 2015 ҷонибҳо Барномаи табодули фарҳангӣ миёни вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тасвиб расид.

Рӯзи 19 ноябри соли 2015 дар шаҳри Пекин намоиши фотоалбоми “Эмомалӣ Раҳмон. Нақши созандагӣ” баргузор гардид.

Аз 9 то 11 марти соли 2016 сафари кории Раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин баргузор шуд. Дар рафти сафар вохӯрӣ бо намояндагони Академияи илмҳои Чин анҷом ёфт.

Аз 11 то 17 майи соли 2014 дар шаҳри Пекин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронда шуданд.