Энергетика/саёҳӣ/нақлиёт/канданиҳои фоиданок

Соҳаи энергетикаи Тоҷикистон

 

Нишондиҳандаҳои асосӣ

Захираҳои мавҷудаи  умумӣ 527млрд квт/соат дар як сол (ҷои 8-ум дар ҷаҳон, 4-ум дар сади захираҳои гидроэнергетикии умумиҷаҳонӣ)
Истеҳсоли миёнаи солонаи қувваи барқ 16.5 млрд.квт/соат (4-5 % аз захираҳои мавҷуда)
Тавоноии системаи энергетикӣ 5190 МВт (ҳиссаи нерўгоҳҳои барқии обӣ 4872 МВт-94%,  нерўгоҳҳои гармидиҳию барқӣ 318 МВт-6%)
Иқтидори лоиҳавии НБО-Роғун  360 МВт-13млрд.квт/соат – дар як  сол
Хароҷоти рушди соҳаи энергетика 15 % масрифи буҷа
Қувваи барқи иловагӣ дар тобистон 3-5 млрд.квт/соат
Камбуди энергияи барқ дар зимистон 2.5 млрд.квт/соат
Нарх барои аҳолӣ  2.32 сенти ИМА/1 квт/соат
Нарх барои корхонаҳои саноатӣ 5.61 сенти ИМА/1 квт/соат
Содироти энергияи барқӣ дар соли 2013 қариб  1 млрд.квт/соат / 34 млн. доллари ИМА
Захираи ангишт  4.5 млрд. тонна
Истеҳсоли ангишт дар соли 2013 дар ҳудуди 500,000 тон

Энергияи барқии обӣ  (Гидроэнергетика)

Тоҷикистон дорои  захираҳои  бузурги энергияи барқии обӣ  мебошад, ки дар як сол 527 млрд.квт/соат ба ҳисоб меравад. Дар нақши фаннӣ захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он  317 млрд.квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4-5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барки обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барки дар тамоми Осиёи Маркази мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтакаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.  Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.

Иқтидориси ситемаи энергетикии Тоҷикистон 5190 МВт-ро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла ҳиссаи энергияи барқи обӣ  93,9% тамоми иқтидорҳои муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 мгвт, яъне танҳо 6.1% – ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби  истгоҳҳои барқи обӣ мебошад 16,5 млрд.квт/соатро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки беш аз 98% и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО аз ҷумла 97%-и он аз неругоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд.

Дар фасли зимистон кишвар ба камбуди зиёди энергияи барқи (2.2-2.5 млрд.квт/соат) дучор мешавад ва маҷбур аст маҳдудияти додани барқро ба кор барад, ки он махсусан  ба аҳолии деҳот, ки беш аз 70% аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд таъсир мерасонад. Ҳамасола бо сабаби маҳдудияти энергияи барқӣ нобудшавии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ба 30% баробар мерасад.
Дар баробари ин  дар фасли тобистон таъмини энергияи обии барқӣ бештар боварибахш аст. Чунки дар ин фасли сол тавлиди изофии барқи обӣ ба миқдори 3-5 млрд.квт/соат мебошад. Бар зиёдии об боиси масрафи бефоидаи он  мегардад, ки он мутаносибан ба нобудшавии миқдори зиёди энергияи барқи обӣ сабаб мегардад. Вобаста ба шароити обу ҳавои сол зарари иқтисодӣ аз  90 то 225 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 НБО-и бузургу миёна амал мекунад. Ҳамчунин дар ҳудуди 300 НБО-ҳои хурд бо иқтидори умумии 131 МВт фаъолият доранд. Дар соли 2009 барномаи нав оид ба тартибдодани сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд қабул шуда буд. Тибқи ин барнома сохтмони 189 НБО-ҳои хурд бо иқтидори 103.6 МВт ба назар гирифта шуда буд. Дар солҳои 2010-2011 беш аз 60 НБО-ҳои хурд бо иқтидори умумии 47 МВт бунёд гардиданд ва ин анъана имрӯз ҳам идома дорад. Баҳодиҳиҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки дар маҷрои дарёҳо дар қисматҳои куҳии ҷумҳурӣ аз лиҳози техники имконпазир ва аз лиҳози иқтисодӣ мувофиқ беш аз 900 неругоҳҳои обии барқӣ хурдӣ бо иқтидори аз 100 то 3000 киловатро бунёд намуд. Бар асоси баҳогузории коршиносон, истифодабарии энергияи дарёҳои хурд метавонад ниёзҳои 500-600 ҳазор инсонро бо энергияи обии барқӣ бароварда созад, ки дар манотиқи дурдасти кишвар то 50-70% ва дар баъзе мавридҳо то 100% аҳоли зиндагӣ мекунанд.
Дар соли 2011 системаи ягонаи энергетики кишвар, ки системаи энергетики ҷанубу шимолро ба ҳамдигар мепайвандад, таъсис дода шуда буд, ки ҳамаи ин имкониятҳои амалии дастрасии тамоми аҳолии Тоҷикистонро ба энергияи обии барқии истеҳсолшаванда таъмин намуд. Имрӯз нархи қувваи барқ барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти иҷтимоӣ дошта ба андозаи 2.32 сенти ИМА барои як киловат соат муайян карда шудааст. Давлат қисман нархро барои аҳолӣ ҷиҳати боло набурдани нарх назар ба дигар категорияҳои масрафкунандагон аз ҳисоби худ пардохт менамояд.  Нарх барои саноат 5.61 барои як киловатт соат мебошад, ки 2.4 баробар аз нархи аҳолӣ бештар мебошад. Ба ғайр аз ин Ҳукумати кишвар ҳамасола иловатан истифодаи нерӯи барқро барои оилаҳои камбизоат аз буҷаи Ҷумҳури аз ҳисоби худ пардохт менамояд.

Аз ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар соли 2012 10 млрд. 160 млн. 600 ҳазор сомонӣ барои рушди комплекси гармдиҳиву барқӣ 1549 млн.сомонӣ ё 15,2% аз маблағи кулли буҷаи давлатии кишвар, ҷудо шуда буд. Афзоиши харҷҳо барои ниёзҳои комплекси ҳарорати барқӣ дар соли 2013 низ (1 млрд 712 млн 678 ҳазор сомонӣ)нигоҳ дошта шуд ва барномарезӣ гардидааст, ки дар соли 2014 ба ин мақсад беш аз 2.2 млрд сомонӣ ҷудо карда шавад.

Истеҳсоли ангишт

Ба ғайр аз захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ҳамчунин захираҳои бузурги ангиштро, ки онро ба 4.5 млрд тонн баровард кардаанд, дар ихтиёр дорад.  Дар соли 2013 муассисаҳои конкобии мамлакат дар ҳудуди 500 ҳазор тонна ангишт истеҳсол намуданд, ки 2 баробар бештар аз нақшаи пешбинишуда мебошад.  Дар ҷумҳурӣ 162 корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро ба ин намуд сузишвори ба роҳ мондаанд, ки талаботи солонаи онҳо беш аз 200 ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли ангишт фаъолона дар 7 кон Шуроб, Назарайлоқ, Фон-яғноб, Зидди ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Захираи онҳо беш аз 100 млн тонна мебошад.

Энергетикаи альтернативӣ

Обу ҳавои Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтобӣ муносиб мебошад. Ба ҳисоби миёна 280-330 рузҳои офтобӣ вуҷуд доранд ва фаъолияти интенсивии радиатсияи офтобӣ дар давоми сол аз 280 то 925 МДЖ/м2 дар нохияҳои наздикуҳӣ ва ҳамчунин аз 360 то 1120 МДЖ/м2 дар манотиқӣ куҳӣ тағир мекунад. Истифодаи энергияи офтобии мавҷуда дар Тоҷикистон метавонад 10-20% -и талаботро ба энергия таъмин менамояд.

Мувофиқи ҳисоботҳо захираи энергияи офтобии Тоҷикистон ҳудуди 25 млрд.киловат/соатро дар сол ташкил медихад. Ин захира амалан истифода намегардад, агар баъзе аз қисматоҳи он, ки барои гарм кардани об истифода бурда мешавад, ба назар гирифта нашавад. Захираи ками энергияи бод вуҷуд дорад, аммо истифодаи он ҳамчун пуркунандаи энергияи обӣ дар баъзе минтақаҳо ба мақсад мувофиқ аст. Бодҳои аз ҳама сахт дар минтақаҳои куҳӣ, мевазанд, дар ҷойҳои, ки пастию баландии мамлакат ба ҷараёнҳои ҳавоӣ наздик мешаванд ва ҳамчунин дар вилоятҳои Суғд ва водии Рашт. Суръати миёнаи бод дар ин минтақаҳо  5-6 метр дар як сонияро ташкил медиҳад.

Сайёҳӣ
Нишондодҳои асосии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойгиршавӣ: Осиёи Марказӣ

Масоҳати умумӣ: 142,6 кв. км.93%-ро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо давлатҳои Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад

Иқлим: минтақаи хушк, зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дар як сол

Захираҳои обӣ: тақрибан 1000 дарё, 2000 кӯл, 8000 яхчашмаҳо

Мероси фарҳангиву таърихӣ:қисми РоҳиБузурги Абрешим, шаҳри қадимаи«Саразм» ва Боғи миллӣ дар Руйхати Меросҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд

Навҳои фаъолияти сайёҳӣ:кӯҳнавардӣ, варзишикӯҳӣ, лижарониикӯҳӣ, этнографӣ, шикор, табобатӣ

Гирифтани раводид: дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон раводиди сайёҳӣ дода мешавад

Ширкатҳои ҳавопоймони байналмилалӣ: Turkish Airline, Fly Dubai, China South Airlines, Kam Аir, Osmon Air, Utair, Ural Airlines, Sibir Airllines

Меҳмонхонаҳои байналмилалӣ:Hyatt Regency, Sheraton Hotels,Serena Hotels

Марзи Тоҷикистон аз замонҳои қадим дар шоҳроҳҳои бузург ва муҳими таърихӣ ҷойгир буд, ки Ғарб ва Шарқро ба ҳам мепайваст. Ин минтақа дар табодули мол ва фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозид ва аз қадим Бохтару Тахористон, Чағониён, Шумон, Аҳорун, Қабодиён, Вахш, Ҳутал, Рашт, Қумод, Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва Ваҳон), Суғд, Истаравшан ва Фарғонаро бо Ҳиндустон, Афғонистон ва Чинро ба ҳам мепайваст. Роҳи бузурги Абрешим натанҳо ҳамчун роҳе буд, ки барои савдову тиҷорат миёни ғарб ва шарқ муҳим буд, балки онҳоро дар атрофи ғояҳои ягона, фарҳанг ва инсонҳо наздиктар менамуд.
Тоҷикистон муосир – кишвари кӯҳиест, ки дар баландии аз 300 то 7495 аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. 93%-и марзи кишварро қаторкӯҳҳое ташкил медиҳанд, ки ба силсила кӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой ва Тян-шан тааллуқ доранд. Ин қаторкӯҳҳо бо водиҳои бузург ва зархези Фарғона, Зарафшон, Вахш ва Ҳиссор аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Баландиҳои мушкилгузари сарзамини Тоҷикистон табиати бе ин ҳам бои кишварро боз ҳам ғанитар ва дилработар мегардонад.

Тоҷикистон-сарзамини қӯллаҳои баланд, яхчашмаҳои бузург, дарёҳои гарму ҷушони бузург, кӯлҳои такрорнашавндаи ҷаҳони, хайвонотҳои ғайриоддии камёфт. Асосан куҳҳои ошёнадори ландшафт табиати зебои Тоҷикистонро инъикос мекунад, боигарии шакли он, ба ҷойҳои иқлими гуногунранги ҳаёти мебаранд. Дар ҷумҳури дар муддати якуним соат метавон аз водии гармии Вахш ба минтақаи арктикии пурбарфи Помир парвоз кард. Дар асоси 13 парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳи мавҷуд будаи давлати Зоркул, Ромит, Мозкул, Дашти Ҷум, боғи табии таърихи Ширкет ва хато Боғи милли Тоҷикистон аз ҷиҳати экологи дар қатори аввал меистанд.

Дар ин робита самтҳои зерини сайёҳӣ афзалиятнок ҳастанд:
– кӯҳнавардӣ, сайёҳии манотиқи кӯҳӣва экологӣ;
– рафтинг, паридан бо парашют валижарониикӯҳӣ;
– шикори омехта;
– сайёҳии манотиқи таърихӣ ва этнографӣ;
– табобати санаторӣ ва истироҳатӣ.
Тоҷикистон яке аз давлатҳои бойтарин аз ҷиҳати захираҳои оби ошомиданӣ мебошад. Бештар аз нисфи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои ҳаштум меистад. Хусусан дар минтақаи Бадахшон кӯлҳои зиёд мавҷуданд. Калонтарини онҳо Қаракул, Зоркул, Рангкул, Булункул ва Сарез мебошанд. Умуман дарминтақаи Помир зиёда аз 1450 кӯл ва 220 дарё, ё ба таври дигар 83 фисади захираҳои обии мамлакат ҷойгир аст. Кӯли калонтарини Помир Қаракул мебошад, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгираст. Чуқурии он 236 метрро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳо ва манбаъҳои обҳои табобатӣ мавҷуд аст, ки дар паҳлӯҳои онҳо истироҳатгоҳҳо бунёд ва ин намуди саёҳат инкишоф ёфтааст. Машҳуртарини онҳо «Хоҷа оби гарм», «Шоҳамбарӣ», «Оби гарм», «Зумрад», «Хавотоғ» мебошанд.Дар чашмаҳои гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди «Гармчашма», «Башор» ва «Шохдара» бозмондаҳои оҳакин ва намакин ба вуҷуд меоянд. Фоиданоктарини онҳо махсусан дар истироҳатгоҳи«Гармчашма» ба назар мерасанд, ки он 35 км дуртар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.

Яке аз ҷойҳои дилкаши дигар ин боғи ботаникии шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин боғ дар манзараи кӯҳҳои сиёҳ дар чашм ҳамчун як мӯъҷиза менамояд. Дар он зиёда аз 20 ҳазор навъи дарахту растаниҳо ҷамъ оварда шудаанд. Яке аз дарахтони нодир дар ин боғ – ин Бархати амурӣ, дарахти пукӣ, санавбари сиёҳи австриягӣ буда ҳамчунин дар боғи мазкур нодиртарин навъҳои садбарг ҷамъоварда шудаанд.

Дар байни сайёхон ва кӯҳнавардон махсусан кӯҳои Фан машхур мебошанд, ки миёни теппаҳои Зарафшон ва Ҳисор аз Куштударё то Фондарё ҷойгир ҳастанд. Имрӯзҳо кӯҳҳои Фан аз ҷумлаи куҳони баландтарини кишвар ба шумор рафта барои сайёҳон низ имконияти рафтанро ба он ҷо фароҳам аст. Аз сангхои кӯҳ дар бисёр ҳолатҳо оинаҳо сохта мешаванд ва ба ин монанд оинаҳо дарИскандаркул ҳам ёфтмешаванд, чунки Искандаркул яке аз кулҳои калонтарини кӯҳҳои Фан мебошад ва он дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҷойгир аст.Он дар баландии 2200м воқеъ гардидааст, кисайёҳон метавонанд аз болои он ситораҳоро мушоҳида кунанд.

Дар соҳили кул 160 км дуртар аз Душанбе базаи Искандаркул ҷойгир аст, ки сайёҳон метавонанд бо мошин ҳам рафта, то он ҷо расидан Фондарё ва Яғнобро пеш аз Искандаркул тамошо кунанд. Кӯҳҳои гирду атроф ба назар гуногунранг менамоянд.Саёҳон метавонанд бисёр манзараҳои аҷоибро ҳангоми сайёҳати худ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон мушоҳида намоянд.

Бисёри саёҳкунандагон ба қисми ҷанубии Тоҷикистон саёҳат куниро нагзмедоранд. Яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ шаҳри Кӯлоб мебошад, ки дар соли 2006 2700 солагии он ҷашн гиирифта шуд ва он яке аз ҷашнҳои бисёр ҳам муҳим барои кишвар буд. Дар як минтақаҳои ҷангалии наздики ба ноҳияи Балҷувон археологҳо як яроқи сангине ёфтанд, ки яке аз қадимтарин дар Осиёи Маркази ба ҳисоб меравад ва 850 сол доро мебошад. Бисёр ёдгориҳои таърихи ва архитектураҳо ин оромгоҳои хирадмандони бузурги дини асри XIV Мир Саид Али Ҳамадони дар шаҳри Кулоб, ки бисёри шахсони дини, илми суфии уро меомузанд. Ғайр аз ин дар минтақаи мазкур оромгоҳи Шақиқи Балхи дар асри IX, Шоҳ Неъматулои Вaли асри XIV,

Султон Увайси Карани асри VII дар Вилояти Хатлон ҷойгиранд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон рақобатҳои комплексҳои туристи ва зиёда аз 75 корхонаҳои туристи фаъолият доранд. Бо мақсади баланд бардоштани соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳури оид ба осон намудани тарзи гирифтани раводид, қарор кабул намудан,ки имрӯзҳо дар муддати 3 рӯз ҳуҷҷатҳо дар радифи барраси қарор мегиранд. Минтақаҳои Варзоб Балҷувон ва Ромит минтақаҳои табии ва шифобахшу истироҳати ва туристи мебошанд,ки оҳиста оҳиста соҳаи туризми байналмилалиро дар кишвар рушд менамояд. Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумхури 65% лоиҳаҳои туристию истироҳати барқарор шудаанд ва қариб ки 35 минтақаҳои истироҳатии хусуси вуҷуд дорад.

 

 

Соҳаи нақлиёти Тоҷикистон

 

 

Дар тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз  ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.

Бино бар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дарҷ гардид.

Стратегияи мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

  • якум,  ташаккули  шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.

Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла,  роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол  Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода дар арафаи амалшуда қарор доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.
Дар даҳ соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаихумб, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад. Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Ашқободи Туркманистон бахшида ба баргузории ҷашни байналмилалии  Наврӯз, ҷонибҳо Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳми дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон Афғонистон Туркманистон  имзо  намуданд.
Дар баробари ин, баҳри ташаккули пурраи шабакаи дохилӣ ва таъмини дастрасии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ дар асоси тадқиқотҳои гузаронидашудаи коршиносони маҳалӣ ва беруна, Барномаи таҷдиду бунёди  ин роҳҳо ба мӯҳлати то соли 2025 таҳия гардидааст, ки амалисозии он, истифодаи имкониятҳои интиқолро зиёд  ва   мӯҳлати интиқолро кам гардонда, боиси кам шудани хароҷотҳои нақлиётӣ мегардад. Тибқи барномаи мазкур бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст. Барномаи зикргардида бо ба ҳисобгирии фоидаоварии иҷтимоию иқтисодии ҳамаи қитъаҳо ва ба ҳисобгирии ҳолати имрӯзаи онҳо дар барномаи компютерӣ таҳия гардида, татбиқнамоии он дар се марҳила пешбинӣ гардидааст.
Бо дарназардошти ин, ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталӣ байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлатҳои аъзоҳои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмилалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст.Татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи интиқоли байналмилали бору мусофирон бидуни монеа амалӣ гардида, талаботҳои Созишномаҳо ба таври комил иҷро мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо алъон ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ ҳамроҳ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ба нӯҳ Конвентсия ва созишномаҳои байналмилалӣ шомил гашт:

  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба мутобиқатнамоии назорати ҳамлу нақли мол аз сарҳадот;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба ҳаракат дар роҳ;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба нишонаҳои огоҳкунанда дар роҳҳо;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба расонидан ва нигоҳдории молҳо;
  • Конвентсияи байналмилалии гумрукӣ оид ба ҳамлу нақли молҳо ба воситаи дастури TIR;
  • Созишномаи Аврупоӣ оид ба ҳамлу нақл ва расонидани молҳои хатарнок дар роҳ;
  • Созишномаи байнидавлатӣ оид ба озуқаҳои тезвайроншаванда ва воситаҳои нақлиётии махсус барои расонидаи чунин намуди молҳо;
  • Созишномаи Аврупоӣ оид ба фаъолияти воситаҳои нақлиётии хизматрасон дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • Созишномаи оид ба ворид намудани техникаи бехатарӣ барои воситаҳои нақлиёт, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёт.

Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани кишвар ба ҳайси қаламрави транзитӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, зеро имрӯз тавассути коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ, ба мисоли роҳҳои автомобилгарди Осиё, ЕврАзЭС, ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ЕС, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, ҳамлу нақли транзитӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Рӯзҳои 17 ва 18 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷашнии ТРАСЕКА ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Рушди иқтидорҳои транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои то 2023” доир гардид. Чорабиниҳои боло зикргардида тибқи барномаи тасдиқшуда, дар ҳамбастагӣ бо котиботи ТРАСЕКА ва намояндагии Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИРУ) омода ва баргузор гардиданд. Дар ҷаласаи ҷашнии ТРАСЕКА намояндагони кишварҳои аъзо ва нозирон, аз ҷумла: Афғонистон, Арманистон, Болгария, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Руминия, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Эрон, ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ аз қабили: Комиссияи Аврупо, ОБСЕ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Лоиҳаҳои ТРАСЕКА, Ташкилоти байналмилалаии авиатсионӣ, ИБНА (ИРУ), Бонки Осиёгии рушд ва ғайра (ҷамъ 145 нафар) иштирок намуданд.

Ҷаласаи ҷашни комиссияи байнихукуматӣ масъалаҳоро оид ба рушди долони байналхалқии нақлиётии ТРАСЕКА дар солҳои охир  ба иҷроиши Стратегияи МПК  ТРАСЕКА оид ба рушди долон то соли 2015 барраси намуда ва Нақшаи амалро барои солҳои 2013-2015 тасдиқ намуд. Иштирокчиёни вохури масъалаҳои дурнамои минбаъдаи рушди низоми нақлиётии долонро дар давоми раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МПК ТРАСЕКА  ба муддати  солҳои 2013-2014 мавриди муҳокима қарор дод. Тарафҳо ба қароре омаданд, ки истифодаи самаранноки зарфиятҳои кишварҳои аъзои ТРАСЕКА  рақобатнокии долони нақлиётии Аврупо-Қафкоз-Осиёро баланд  ва онро муфидтар ва бехатар мегардонад, инчунин ба эҷоди низоми нақлиётии бисёрфунксионали ва ҷалби сармояҳо ба минтақа дар заминаи технология ва логистикаи муосир мусоидат мекунад.

Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ низ амалӣ гардида, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам оварда шуд. Бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба бозори байналмилалӣ ислоҳоти сохтории ин соҳа гузаронида шуд. Ин иқдом, имкон дод, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ заминаи устувори инкишоф ба вуҷуд ояд.

Парки тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон   «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр»  «Ист Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймои хориҷӣ Turkish Airlines, Fly Dubai, China South Airlines, Kam Air, Osmon Air, Utair, Ural Airlines, Sibir Airlines батадриҷ нав шуда истодааст. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳру 11 кишвари хориҷи дур ва наздик парвоз анҷом медиҳанд ва ҷуғрофияи парвозҳояшонро торафт васеъ менамоянд.