Муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин

 

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои дипломатӣ  4 январи соли 1992 барқарор шудаанд.

  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин аз 7 апрели соли 1997 фаъолият дорад.
  • Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 1992 фаъолият дорад.
  • Аз моҳи апрели соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода тайин шудааст.
  • Аз моҳи декабри соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю Бин таъйин шудааст.

Ҳамкории Тоҷикистону Чин бо тамоюли зичи робитаҳо дар сатҳи баланд ва заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ тавсифёбӣ мешавад. Заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба зиёда аз 200 шартномаву созишномаҳои соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои асосӣ ин Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ш. Пекин, 9 марти соли 1993), Созишнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ (ш. Пекин, 15 январи соли 2007) ва Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид барқарор кардани муносибатҳои шарокати стратегӣ (ш. Пекин, 20.05.2013) ба шумор мераванд.

Дар рафти сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 31 август то 3 сентябри соли 2015 як қатор ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд:

  • Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба коркарди Барномаи ҳамкорӣ;
  • Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникиву иқтисодӣ;
  • Барномаи табодули фарҳангӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Моҳи майи соли 2013 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Дар рафти сафар мулоқоти расмӣ бо сарвари давлати Чин Си Ҷинпин гузаронда шуд, ки дар натиҷа якчанд созишнома, аз ҷумла Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои хислати стратегӣ ба имзо расид.

Моҳи сентябри соли 2014 сарвари давлати Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф овард. Дар рафти сафар Эъломияи муштарак оид ба тақвият додани муносибатҳои шарокати стратегӣ ба имзо расид.

Дар сатҳи байниҳукуматӣ механизми вохӯриҳои мунтазами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амал мекунад.

Моҳи сентябри соли 2016 сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дод ва дар Намоиши байналхалқии “ЭКСПО Чин – Авруосиё” дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтрои Синзян Уйғур иштирок кард.

Тадриҷан ҳамкории байнипарлумонӣ рушд мекунад. Аз 16 то 19 апрели соли 2016 намояндагони Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Пекин ташриф оварданд. Дар рафти сафар вохӯриҳо бо Ҳизби коммунистии Чин ва намояндагони Ҳизби халқии Чин баргузор шуданд.

Дар робитаҳои дуҷониба Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши калонро иҷро мекунад, ки ҳар сол дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Пекин ҷаласаҳо мегузаронад.

Ҳамкорӣ дар ҳошияи мақомоти сиёсати хориҷии ду кишвар фаъолона рушд мекунад.

Рӯзи 1 августи соли 2014 дар асоси даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов С. сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд.

Аз 22 то 25 июли соли 2015 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов С. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Дар рафти сафар Аслов С. бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, узви Шӯрои давлатӣ Ян Ҷечӣ ва роҳбарияти Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрд.  Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ ба таври мунтазам дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ гузаронда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин якчанд созишнома ба имзо расидаанд, ки дар асоси он дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст:

Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (аз 1 феврали соли 2002);

  • Протоколи иловагӣ ба Созишномаи миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон

ва Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (аз 15 январи соли 2007).

Дар 112 муассисаи таҳсилоти олии Чин беш аз 2 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Соли 2016 ба ҷониби Тоҷикистон 298 квота барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо карда шуд. Дар Тоҷикистон 3 Донишкадаи Конфусий фаъолият мекунад. Дар Марказҳои “Конфусий” дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳои забони чинӣ кушода шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мактабҳои олии гуногуни Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Фарҳанг. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги Чин бунёд шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври доимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронда мешаванд.

Рӯзи 2 сентябри соли 2015 ҷонибҳо Барномаи табодули фарҳангӣ миёни вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тасвиб расид.

Рӯзи 19 ноябри соли 2015 дар шаҳри Пекин намоиши фотоалбоми “Эмомалӣ Раҳмон. Нақши созандагӣ” баргузор гардид.

Аз 9 то 11 марти соли 2016 сафари кории Раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин баргузор шуд. Дар рафти сафар вохӯрӣ бо намояндагони Академияи илмҳои Чин анҷом ёфт.

Аз 11 то 17 майи соли 2014 дар шаҳри Пекин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронда шуданд.