Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон

01.08.2022(17:50)

1 августи соли 2022 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи тавофуқоти раҳбарони ду кишвар дар мулоқот дар рафти Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин дар моҳи феврали соли 2022, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намудаанд. Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ инчунин дар чаҳорчӯби формати Осиёи Марказӣ+Чин табодули назар карданд.

Дар мулоқот мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 идома медиҳанд.

Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2024 ба имзо расид.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин дар маросими ифтитоҳи Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи “Лю Бан” ва инчунин дар маросими супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 ширкат карданд.