Брифинг бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

17.05.2022(18:11)

17-уми майи соли 2022 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бинои Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) брифинги Сафири Тоҷикистон дар Чин бахшида ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 71/222 аз 21 декабри соли 2016, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар сиғаи маҷозӣ доир гардид. Дар ҳошияи брифинг намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи об ва экология, намояндагони  кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони муколомавии СҲШ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин ширкат варзиданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рафти омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфонси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зери мавзӯи “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ дод.

Дар ин зимн, ба иштирокчиёни брифинг маълумоти муфассал оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, мақсад ва натиҷаҳои интизоршаванда марбут ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд, барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотӣ манзур гардид.

Дар фарҷоми брифинг, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони ҳавасмандро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Конфронси байналмилалӣ даъват кард.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронси Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи амал дар соҳаи об марҳилаи калидии обзори миёнамуҳлати ҳамаҷониба ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид ва иҷрои вазифаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки ҳамчун платформаи амалкунанда барои дастгирии самаранок дар чорабинии мазкур мебошад, ба ҳисоб меравад.

Дар чаҳорчӯби кори Конфронси Душанбе аҳамияти бештар ба масъалаҳои об, санитария ва гигиена дар мубориза бо пандемияи COVID-9, инчунин дигар хатарҳо ба саломатии инсон, ки робита зич бо об ва тағйирёбии иқлим дар заминаи идоракунии захираҳои обӣ чун омили асосӣ барои коҳиш додани оқибатҳо ва мутобиқгардонии тағйирёбии иқлим дорад, таваҷҷуҳ дода мешаванд.

Дар ҳолати имрӯза тавассути торномаи конфронc беш аз 1000 нафар иштироки худро тасдиқ намудаанд. Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ муҳлати номнависи то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд.

Номнависии тамоми ширкаткунандагон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ бино ба талаботи тадорукотӣ ҳатмӣ мебошад.