Таҷлили ҷашни “Наврӯз” дар Котиботи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

27.03.2022(12:00)

25 марти соли равон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз – рамзи сулҳ, дӯстӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми ҳамдигар”, ки дар Котиботи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ин чорабинӣ намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои СҲШ, нозирон ва шарикони муколамаи ин ниҳод, меҳмонони олиқадр ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ширкат доштанд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Дабири кулли СҲШ Чжан Минг ва Сафири Ӯзбекистон дар Чин Ф.Арзиев, ки соли ҷорӣ кишвараш ҳумчун раисикунанда дар СҲШ мебошад, суханронӣ намуданд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ле Ючэн бо паёми видеоӣ дипломатҳои кишварҳои узви СҲШ-ро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфтанд.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби Сафорат таомҳои миллии тоҷикӣ, намоиши ашёҳои санъати ороишӣ, нчунин барномаи рангини косертӣ пешкаши тамошобинон гардид.