Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

06.02.2022(09:20)

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи бозиҳои Зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи Олимпӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ифтихори баргузории чорабинии бошукуҳи варзишӣ, ҳамчунин фарорасии иди Баҳор ва Соли нави анъанавии мардуми Чин шодбош гуфтанд.

Бо ёдоварӣ аз таърихи 30-солаи муносибатҳои дипломатии кишварҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва боварию эътимоди мутақобилаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат муҳокима гардид.

Барои воридоти технологияи нав ва дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мулоқоти гуруҳи кории Тоҷикистону Чин оид ба ҷалби сармоя, робитаҳо дар чаҳорчуби Иқдоми “Як камарбанд – як роҳ” ва таҳияи лоиҳаҳои нави саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ метавонанд аз омилҳои муҳими пешбарандаи муносибатҳои судманди ду кишвар бошанд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ аз самтҳои дигару муҳими муносибатҳои шарикии ду кишвар маънидод гардид.

Ба ҷониби Чин барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли вояҳои зидди короновирус дар давраи пандемия изҳори сипос карда шуд.

Зимни баррасии мавзуи амниятӣ ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсояи Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷонибҳо ба ҳамгироӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию митақавӣ аҳамияти махсус доданд.

Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.