Таҳти Раисии Сафири Тоҷикистон Ҳафтумин “Шоми фарҳангии дипломатҳои хориҷӣ дар Чин” доир гардид

01.02.2022(14:34)

Таҳти Раисии Сафири Тоҷикистон Ҳафтумин “Шоми фарҳангии дипломатҳои хориҷӣ дар Чин” доир гардид

13 январи соли 2022 бо ибтикори Кумитаи тадорукоти “Шоми фарҳангии дипломатҳои хориҷӣ дар Чин” ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин Ҳафтумин “Шоми фарҳангии дипломатҳои хориҷӣ дар Чин” доир гардид.Дар шоми фарҳангӣ сафирон ва дипломатҳои беш аз 160 кишвари ҷаҳон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, мутахассисони соҳаи илму фарҳанг ва доираҳои тиҷоратӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 500 нафар ширкат намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода ҳамчун Сафири кишвари раисикунанда дар Ҳафтумин “Шоми фарҳангии дипломатҳои хориҷӣ дар Чин” чорабиниро оғоз бахшида, зимни суханронии худ бо истифода аз наворҳои таблиғотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуд.

“Шоми фарҳангии дипломатҳои хориҷӣ дар Чин” як ҳамоиши бошукӯҳи мубодилаи фарҳангҳо буда, фарҳанги Чинро ба ҷаҳониён ва фарҳанги кишвраҳои хориҷро ба чиниҳо муаррифӣ менамояд.

Зимни қабули давраи раисӣ низ Сафорат бо барномаи калони фарҳангии иборат аз рақсу суруд ва оҳангҳои миллӣ Тоҷикистонро ба дипломтаҳои хориҷӣ ва меҳмонони чинӣ муаррифӣ намуда буд.

“Шоми фарҳангии дипломатҳои хориҷӣ дар Чин” бо ибтикори ширкати “Lookwe” аз соли 2015 то ин замон баргузор гардида, ҳар як кишвар давра ба давра эстафетаи раисиро ба уҳда дорад. Пас Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати ин чорабинӣ ба Ҷумҳурии Малта гузашт.