Оид ба вохӯрии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Ҷанг Минг

29.01.2022(11:20)

28 январи соли 2022 мулоқоти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Котиби Генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Ҷанг Минг доир гардид.

Зимни он ҷонибҳо марбут ба ҳолат ва дурнамои фаъолияти минбаъдаи рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Созмон, инчунин муҳиммияти тамосҳои доимӣ байни Котибот ва намояндагӣ оид ба масъалаҳои ҷойдошта дар чаҳорчӯби СҲШ табодули афкор намуданд.

Сафир тазаккур дод, ки ҷониби Тоҷикистон дар асоси принсипи баробарӣ, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳар як кишварҳои узви ин ниҳод ҷиҳати рушди ҳамкориҳо баҳри субот ва инкишофи кишварҳои иштирокчии созмон талошҳои пайвастаро идома хоҳад дод.

Котиби генералӣ ин ниҳод зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии бунёдгузорӣ Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад ва дар ин росто барои дар амал татбиқ намудани механизми ҳамкориҳои ҷойдошта саҳми хос гузоштааст. Котиби Генералӣ- Ҷанг Минг аз бо муваффақият анҷом гардидани раисии кишвари мо дар давраи солҳои 2020-2021, ки ба 20 солагии ҷашнвораи Созмони мазкур рост омад ёдовар шуда, баргузории Саммити сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро бо қабули 30 санади ҳуқуқӣ дар Душанбе руйдоди таърихӣ номид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.