Футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати CAFA-2021 мақоми дуюмро соҳиб шуданд

24.11.2021(15:48)

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола, ки аз 17 то 23 ноябр  дар шаҳри  Душанбе баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври сеюми чемпионат шогирдони Зайниддин Раҳимов бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Масрур Ғафуров дар дақиқаи 58 ба нишон расонид.
Дар бозии дигар  дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон  бо ҳисоби  калони  8:0 пирӯз гардид.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби наврасони  Эрон ва Тоҷикистон 7-холӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо  дастаи мунтахаби наврасони Эрон ҷои якум ва  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷои дуюмро сазовор шуданд. Ҷои сеюм насиби дастаи мунтахаби  наврасони Узбекистон гардид.