Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон

14.07.2021(10:54)

Бино ба даъвати Вазири корҳои  хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 13 июли 2021 сафари расмии дурӯзаи узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоте, ки байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи Афғонитсон ва амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ ва МҲТЭО мубодилаи афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 тақвият медиҳанд.

Дар фарҷоми мулоқот санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

14 июли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон дар сатҳи вазирон иштирок мекунад.