Конференсия оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин

07.07.2021(15:22)

5 июли соли 2021 дар шаҳри Чиндаои Чин бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Маъмӯрияти Минтақаи ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодии “Чин—СҲШ” ва дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Чину Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ роҳбарияти Сафорат бо истифода аз маводҳои видеоӣ, PPT, буклету варақаҳои таблиғотии бо забони чинӣ омода шуда, доираи васеъи ширкатҳо ва намояндагони сохторҳои давлатии чиниро роҷеъ ба ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзҳои андозбандӣ ва гумрукӣ барои сармоягузорон ба таври муфассал ошно намуданд.

Дар чорабинӣ Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. ба таври маҷозӣ, Сафири Тоҷикистон дар Чин З. Саидзода, аъзои Шурои доимии Ҳукумати шаҳри Чиндао, Котиби ҳизбии шаҳри Ҷяҷоу, Роҳбари Маъмӯрияти Минтақаи ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодии “Чин—СҲШ”, муовини Котиби генералии СҲШ, муовини Сардори Департаменти кишварҳои аврупо ва Осиёи Марказии Вазорати тиҷорати Чин ва дигарон ба таври ҳузурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, роҳбарони корхонаҳои сармоягузории чинӣ дар Тоҷикистон – Ширкати саноати кӯҳии Тоҷкистону Чин ва ширкати сенментбарории “Хуаксин Ғаюр Семент” зимни суханрониҳояшон аз таҷрибаи худ дар Тоҷикистон, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвари мо ва имкониятҳои васеи ҳамкорӣ ҳикоят намуда, аз ширкатҳои чинӣ даъват ба амал оварданд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд.

Дар доираи Конференсия маросими имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон- МОИ “Кӯлоб” ва МОИ “Панҷ” ва Маъмӯрияти Минтақаи ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратӣ ва иқтисодии “Чин—СҲШ” ба таври маҷозӣ доир шуд.

Пеш аз оғози Конференсия, маросими ботантанаи гусели нахустин экспресс-қатораи боркаши Чиндао-Душанбе иборат аз 100 контейнер молу маҳсулот баргузор гардид. Қатора дар зарфи 18 рӯз бояд ба пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе расад.

Ҳамчунин, дар ҳошияи Конференсия рӯнамои маҷаллаи “Тоҷикистон- дурдонаи Осиёи Марказӣ”, ки ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда аст ва муаррифии Барномаи табодули ҷавонони Тоҷикистону Чин, ки дар оянда ба таҷрибаомӯзии донишҷӯёни тоҷикистонии муҳассили макотиби олии Чин дар корхонаҳои истеҳсолиро роҳандозӣ хоҳад кард, баргузор гардид.