Муаррифии имкониятҳои сармоягузории МОИ “Кӯлоб”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Котиботи СҲШ

01.07.2021(05:51)

30 июни соли 2021 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай маросими “Рӯнамои захираҳои сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – имкониятҳо ва дурнамои пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар ҳошияи СҲШ” баргузор шуд, ки зимни он зиёда аз 100 ширкатҳои чинӣ бо имконоти фарогири чор кишвари узви Созмон- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ошно шуданд.

Чорабинии мазкурро Котиботи СҲШ дар якҷоягӣ бо China Overseas Development Association (CODA), ки дар Чин яке аз ташкилотҳои сафарбаркунандаи ширкатҳои чинӣ барои сармоягузорӣ дар хориҷа маҳсуб меёбад,  роҳандозӣ намуданд.

Сафорати Тоҷиистон дар платформаи мазкур имкониятҳои сармоягузории Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Дар рафти маросими рӯнамо масъулини дипломатҳои тоҷик Муҳаммад Эгамзод ва Амриддин Носиров бо истифода аз маводҳои видеоӣ, PPT, буклету варақаҳои таблиғотӣ, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ба забонҳои чинӣ ва англисӣ омода карда буданд, роҷеъ ба ҳадафҳои асосии минтақа, имтиёзҳои андозбандӣ ва гумрукӣ барои сармоягузорон маълумоти муфассал доданд.

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам ба таври маҷозӣ дар маросими рӯнамо ширкат намуда, дар атрофи ҳадафҳои асосии Минтақа, яъне ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани иқтидори содирот ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот, таъмини рушди иқтисодии кишвар, ворид намуднаи таҷҳизоту технологияҳои нав ва усулҳои нави идоракунии истеҳсолот, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори назар намуд.

Дар ҳошияи чорабинии болозикр ҳамчунин маросими ба имзо расондани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва China Overseas Development Association (CODA), ки дар асоси он оғоз ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ дар минтақаи мазкур дарназар аст, баргузор гардид.

Санади мазкури ҳамкориро аз ҷониби мо Сафири Тоҷикистон дар Чин муҳтарам Зоҳир Саидзода ва аз ҷониби чинӣ Директори CODA ҷаноби Хэ Ҷевэй  имзо карданд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки таваҷуҳи ширкатҳои чинӣ ба сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама бо Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” хеле зиёд буд.

Дар ҳошияи мулоқотҳои сиғаи В2В масъулини Сафорати Тоҷкистон дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории МОИ “Кӯлоб”, аз ҷумла бунёди паркҳои логистикӣ, корхонаҳои нассоҷӣ, равғанкашӣ, истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок муфассалтар нақл намуда, ба саволҳои ширкатҳои ҳавасманди чинӣ ҷавоб доданд.

Дар натиҷа якчанд ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Jiangsu Jiang Iao Machine Manufacture Co., Ltd (Корхонаи истеҳсолкунандаи дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулоти сохмонӣ) ва Huaihai (Корхонаи истеҳсолкунандаи самокат, велосипед ва электромотосиклҳо) барои ҳамкорӣ дар қаламрави МОИ “Кӯлоб” изҳори омодогӣ намуданд.