Дар Душанбе 3-юмин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид

10.06.2021(12:01)

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 3-юмин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва меҳмонони даъватшуда аз ҳисоби ходимони сиёсӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, соҳаи илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.  

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа ҳадафи асосии Форуми мазкурро мусоидати минбаъда баҳри ноил шудан ба баробарии гендирӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон дар сатҳи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин талош баҳри фароҳам овардани платформаи муассир, барои таҳкими иқтидори занони кишварҳои узви Созмон бо мақсади ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамкории минтақавӣ ва саҳмгузорӣ дар пайдо  намудани нуқтаҳои нави тамос дар доираи ҳалли масъалаҳои муҳими Платформаи Амалиёти Пекин арзёбӣ намуд.

Дар доираи Форум як ҷаласаи пленарӣ дар мавзӯи  «Ниҳодҳо оид ба тақвияти нақши занон дар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ва чор ҷаласаи панелӣ дар мавзӯъҳои: «Беҳтар намудани ҳамкорӣ дар масъалаҳои гендерӣ дар доираи СҲШ», «Тақвияти салоҳияти занон дар рушди соҳибкорӣ», «Натиҷаҳои фаъолият оид ба мубориза бо ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар оила ва ҷомеа, табодули таҷриба  ва таҷрибаи муваффақ дар ин самт, инчунин муайян намудани афзалиятҳои минбаъда» ва «Муттаҳидсозии нерӯҳои занон дар ҷавоб ба чолишҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ» сурат гирифт.

Зикр шуд, ки баргузории чунин форумҳо метавонанд натиҷаи хубе диҳанд, зеро дар доираи онҳо метавон роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрамеро пайдо кард, ки дар замони муосир марбут ба занон ҳастанд.

Идигул Қосимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии занону ҷавондухтарон барномаҳо, қонуну консепсияҳои зиёде таҳия ва қабул гардида, иҷрои амалии онҳо ба роҳ монда шудааст, ки натиҷа ин дастгириҳоро намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум ба таври равшан иброз доштанд.

Дар кори Форум намояндагони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳузуран иштирок намуда, ширкати маҷозии Котиби Генералии СҲШ, намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Федератсияи Россия ба қайд гирифта шуд.

Дар 3-юмин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай лоиаҳои Изҳороти муштараки иштирокчиёни ин чорабинӣ ва Нақшаи Амалиёт муҳокима ва омода гардид. Инчунин иштирокдорон барои ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оид ба такмили механизми миллии пешрафтаи занон дар ҳар як кишвари узви Созмон оид ба рушди соҳибкории занон, афзоиши ҳиссаи занон дар шумораи роҳбарони корхонаҳо ва саҳҳомони ширкатҳои калон, оид ба коҳиш додани ҳама гуна навъи зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар оила ва ҷомеа тавсияҳо пешниҳод гардид.

Ҳамчунин оид ба баланд бардоштани ҳиссаи занон дар парлумонҳои кишварҳои аъзои (СҲШ), дар вазифаҳои вазирон, роҳбарикунанда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд,  низ тавсияҳо дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии қувваҳои занон барои пешбурди рушди муштарак» аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида буд.