ФУТБОЛ. Дар Осака бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Ғ» байни дастаҳои мунтахаби Япония ва Тоҷикистон баргузор шуд

07.06.2021(06:46)

Шоми  дирӯз  дар варзишгоҳи «Panasonic Suita»-и шаҳри Осакаи Япония бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Ғ» байни дастаҳои мунтахаби  Япония  ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин  бозии ҷолиб  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон   аз  мунтахаби Япония  бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда, ҳанӯз дар дақиқаи 6-ум бо голи задаи Киого Фурухаси ба пеш баромаданд. Баъдан дар дақиқаи 9-уми майдондорӣ Эҳсони Панҷшанбе натиҷаро баробар намуд. Ҳамин тавр Эҳсон Панҷшанбе муаллифи аввалин гол ба дарвозаи дастаи мунтахаби Япония  дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон Қатар – 2022 гардид. Панҷ дақиқа то анҷоми қисми аввали бозӣ бозингари дастаи футболи  «Ливерпул» — Такуми Минамино натиҷаро 2:1 намуд. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Баъдан дар идомаи бозӣ Кэнто Хасимото ва Хаяо Кавабе голҳи ҷопониҳоро муаллифӣ намуда, пирӯзии дастаи мунтахаби Ҷопонро бо натиҷаи 4:1 таъмин сохтанд.

Баъди ин бозӣ дастаи мунтахаби  Япония бо касби 21 хол пешсафи ягонаи ҷадвали гурӯҳи «Ғ»  мебошад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар ихтиёраш 10 хол дораду дар зинаи 2-юми гурӯҳ мавқеъ касб намудааст.Дар бозии дигари гурӯҳ бошад, дастаи мунтахаби  Муғулистон бар дастаи мунтахаби  Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Ёдовар  мешавем,ки  бозии навбатии  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Мянмар 15 июн дар Япония  баргузор мешавад.

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  Япония  7  7  0  0  41-1  21
 2  Тоҷикистон  7  3  1  3  10-12  10
 3  Қирғизистон  6  2  1  3  10-6  7
 4  Мянмар  6  2  0  4  5-23  6
 5  Муғулистон  8  2  0  6  3-27  6