Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Устондори Шэнсӣ

11.05.2021(11:22)

11 майи 2021 дар доираи сафари расмӣ ба Чин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Устондори Шэнсӣ Чжао Идэ мулоқот кард.

Дар мулоқот С.Муҳриддин бар аҳаммияти таърихии устони Шэнсӣ ҳамчун гаҳвораи тамаддуни Чин ва Сиан ҳамчун шаҳре, ки Роҳи бузурги абрешим аз он оғоз мегардад, таъкид кард.

Зикр шуд, ки устони Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам робитаҳои бародарӣ дошта, Данғара ва Вэйнан бародаршаҳр мебошанд.

Вазир таъкид кард, ки дар замони мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 гурӯҳи пизишкон ва мутахассисони чинӣ маҳз аз устони Шэнсӣ барои кумак ба ҳамкасбони тоҷики худ ба Тоҷикистон омаданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисод, гуманитарӣ ва маорифро баррасӣ карданд.