Сафири Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Эътимоднома супорид

19.04.2021(06:28)

14 апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Пекин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Зоҳир Саидзода эътимодномаи худро ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин супорид.

Дар маросими расмӣ Сафир дуруду паёми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин расонид, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо хушнудӣ қабул шуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти неки худро иброз намуда, ба Сафири кишварамон дар Чин З. Саидзода барои фаъолияти минбаъдааш дар рушду пешбурди ҳамкориҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Чин муваффақиятҳо таманно кард.