Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

22.12.2020(06:38)

21 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Шӯрои oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ доир гардид. Дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа, аз ҷумла Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд. Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад.

Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад.

Ҷаҳон имрӯз шоҳиди низоъҳои хунин дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногун, афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ташдиди рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ мебошад. Ин падидаҳо, бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақаи мо таҳдиди ҷиддӣ дошта метавонанд. Дар ин росто, зарур дониста шуд, ки барои нобуд сохтани пойгоҳҳои террористон ва гурӯҳҳои муташаккили қочоқчиёни маводди мухаддир иқдомҳои муштарак роҳандозӣ шаванд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.