Солгарди таъсиси Маркази табодули фарҳангӣ дар Пекин

18.12.2020(07:35)

18 декабри соли 2020 Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода ба Донишгоҳи Шаҳрии Пекин (Beijing City University) ташриф оварда, аз Маркази табодули фарҳангӣ, ки солгарди таъсисебиашро ҷашн гирифт, боздид намуд.

Зимни мулоқот бо Ректори Донишгоҳи болозикр Лиу Лин ҷонибҳо аз ифтитоҳи чунин Марказ, ки яке аз омилҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Директори иҷроияи Марказ хонум Си Янлин гуфт, ки дарвозаи Марказ барои дӯстон, шарикон ва ҳамаи онҳое, ки Тоҷикистонро азиз медонанд, таърих, фарҳанг, санъат ва ҳаёти мардуми хушнамою боистеъдоди мо барои онҳо шавқовар аст, инчунин барои он нафароне, ки мехоҳанд дар рушди робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Чин саҳми худро гузоранд, ҳамеша кушода хоҳад буд.

Ӯ зикр кард, ки як сол қалб дар маросими ифтитоҳи Марказ барномаи рангини консертӣ бо иштироки овозхони тоҷик Зафар Абдуалимов, ҳунармандони Ансамбли давлатии Тоҷикистон  “Базморо” ва намоиши либоси миллии “Чакан” аз ҷониби тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов баргузор гардида буд.

Ҳозирин изҳори боварӣ намуданд, ки Марказ ташвиқу тарғиби забони тоҷикӣ, таърих, фарҳанг ва санъати мардуми тоҷик, баргузории форумҳо, намоишҳо, консертҳо, шабҳои эъҷодӣ, презентатсияҳо ва чорабиниҳои муштараки фарҳангии гуногунро дар соли 2021, ки ба 30-солагии Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, 100-солагии таъсисебии Ҳизби коммунисти Чин ва 20-солагии таъсисебии Созмони ҳамкори Шанхай дар давраи Раесати Тоҷикистон рост меояд, идома хоҳад дод.