Намоишгоҳи «Made in Tajikistan-2020»

23.11.2020(11:12)

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо вазъи кунунии иқтисодии ҷаҳон, бинобар пандемияи глобалии COVID-19, бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи онлайнии “Made in Tajikistan-2020” -ро ташкил менамояд, ки он аз 26 ноябр баргузор мешавад то 17 декабри соли 2020.

Барои дидан намудан аз намоишгоҳи мазкур ҳавасмандон метавонанд аз суроғаи www.expotajikistan.tj истифода баранд. Маълумоти бештар дар сомонаи Палатаи савдо ва саноат www.tpp.tj ҷойгир шудааст.