Филми тоҷикӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии Чин ҷоиза гирифт

10.11.2020(05:40)

Филми коргардони ҷавони тоҷик Усмон Юсупов “Ношунаво” (Deaf) ҳамчун яке аз филмҳои беҳтарин дар 8-умин Намоиши байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё дар Чин  (8thAsian MicroFilmArtFestival) ҷоизаи Golden Begonia Award-и дарёфт намуд.

Ҷоизаи филми “Ношунаво” (Deaf) 7 ноябри соли 2020 дар рафти маросими ботантана, ки дар шаҳри Линчанги музофоти Юнан доир шуд, ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин тақдим гардид.

Ба 8-умин Намоиши байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳ дар Чин доир мегардад, ин бор низ зиёда аз 21 ҳазор дархост аз 30 кишвари ҷаҳон ворид гардидааст.

Коргардонҳои Тоҷикистон 3 филми худро ба Намоишгоҳ пешкаш намуда буданд, ки миёни онҳо  асари “Ношунаво” (Deaf) ҷоиза гирифт.