ДАЪВАТНОМА

04.10.2020(13:09)

​      Ҳамватанони азиз,

​      шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,

​      ки айни замон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доранд!

​      Ба маълумоти шумоён мерасонем, ки 11 октябри соли 2020, аз соати 08:00 то 20:00 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, воқеъ дар шаҳри Пекин (No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.; tel.:(8610)-65322598, fax:(8610)-65323039) низ участкаи интихоботӣ ифтитоҳ меёбад, то  ки  шаҳрвадони мо аз ҳуқуқи конститутсионии худ  истифода намуда, ба дастгирии номзади арзанда дар нитихоботи президентӣ раъй диҳанд.

​      Аз ин лиҳоз, шумоён ва аҳли оилаатонро, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоем.

​      Хоҳишмандем, ки бо худ гирифтани шиносномаро фаромӯш накунед.

Иштироки фаъолонаи ҳар яки шумоён дар овоздиҳӣ – саҳм гузоштан дар ҳаёти сиёсии кишвар, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад!

 

Бо эҳтиром,

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Мардумии Чин