“Фестивали сулҳ” дар Пекин

24.09.2020(06:30)

21 сентябри соли 2020 дар шаҳри Пекин Фестивали байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сулҳ доир гардид.

Дар Фестивали байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Бунёди чинии умумиҷаҳонии сулҳи назди СММ ва UNESCO баргузор шуд, доираи васеи намояндагони мақомоти ҳукуматии Чин, вазорату идораҳои дахлдор, сафирон ва мушовирони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва эҷодии Чин ҳузур доштанд.

Дар ҳошияи фестивал ҳамчунин намоиши аксҳо дар мавзӯи “Роҳи абрешим аз дидгоҳи ҷавонон”, ифтитоҳи барномаи “Бахти зан” ва намоиши муди либосҳои муосири занон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 – Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод дар ҷаҳон эълон шудааст.

Ба ҳайси намояндагӣ аз кишвар дар маросими расмии ифтитоҳи Фестивал ва дигар чорабиниҳои ҳошиявии он Кордори Сафорат Муҳаммад Эгамзод иштирок намуд.