Мулоқот дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF)

18.09.2020(15:42)

17 сентябри соли 2020 мулоқоти Кордори Сафорат Муҳаммад Эгамзод бо Муовини Котиби Генералии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) ҷаноби Ли Баочун доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар бинои WTCF доир гардид, ҷонибҳо оид ба густариши бештари ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ ибрози назар намуданд.

Бинобар он, ки дар мулоқот Кордори Сафоратро ҳамчунин масъули бахши консулӣ Тоҳир Давлатов низ ҳамроҳӣ мекард, ҷонибҳо масъалаҳои барқарор намудани ҳамкориҳо миёни ширкатҳои сайёҳии Чину Тоҷикистонро матраҳ намуда, хоҳони беҳтар кардани шарту шароити хизматрасониҳо, ба монанди пешниҳод намудани намудҳои дастраси раводид ба сайёҳон, роҳнамоӣ дар интихоби хатсайр ва харидории чиптаҳои ҳавопаймоӣ, таъмини меҳмонхонаҳо, ташкил ва хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ (трансфер), пешниҳоди суғуртаи сайёҳон шуданд.

Зикр гардид, ки яке аз муҳимтарин омилҳои рушди муосири соҳаи сайёҳӣ табиати нодири кишварҳои мо мебошад. Дар Тоҷикистон бештар экотуризм рушд ёфтааст. Дипломати тоҷик зикр кард, ки кишвари мо таваҷҷуҳи сайёҳонро бо табиати бою рангин, кӯҳу теппаҳои диданӣ, анъанаҳои миллӣ ва таъомҳои ширину гуворояш ба худ ҷалб мекунад.

Иштирокдорони мулоқот ҳамчунин бо ифтихор аз он ёдоварӣ намуданд, ки шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 2018 ба узвияти ин Федератсияи боэътибор пазируфта шуд.