Муаррифии Тоҷикистон дар “Hai Аn connecting the world – 2020”

15.09.2020(07:00)

15 сентябри соли 2020 дар шаҳри Пекин Форуми ҳамкориҳои байналмилалии “Hai Аn connecting the world– 2020” доир гардид, ки дар он Кордори Сафорат Муҳаммад Эгамзод иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳангоми суханронӣ аз минбари баланди Форуми болозикр Кордoри Сафорат оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта, зимни сафари кории Сафири собиқ П. Давлатзода ба шаҳри Хай Ан як қатор мулоқоту гуфтушунидҳо дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф доир шуда, ҳайати намояндагии дипломатӣ аз  минтақаи тиҷорат ва савдои озод “523 Cultural Industry Park”, ширкатҳои “Lianfa group”, “Pengwei group” ва “Xinyuan silk” дидан намуда буданд.

Дипломати тоҷик ёдовар шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Хай Ан ҳамчунин ҳунарнамоии овозхони маҳбуби тоҷик Гулбаҳор Шокирова дар ҳошияи Фестивали табодули санъату фарҳанги миллӣ роҳандозӣ гардида, дар ин ҷо намоиши асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик Эраҷ Олимов ифтитоҳ ёфта буд.