ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МУБОРАК!

08.09.2020(20:51)

Ҳамватанони азиз, донишҷӯёни донишгоҳҳои олии Чин, дӯстони арҷманд!

Ифтихормандам аз номи Сафири навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Саидзода Зоҳир Озод ва ҷамъи кормандони намояндагии дипломатӣ ҳамаи шумоёнро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ, яъне 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику моборакбод намоям.

Дар зарфи ин солҳо неъмати бебаҳои истиқлолият ва дастёбии мардуми шарифи тоҷик ба ҷавҳари озодии миллӣ  бо шарофату ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф ва таҳкиму густариш ёфтааст.

Боварии комил дорам, ки солҳои минбаъда низ тавассути ҷаҳду талошҳои пайвастаи ҳар яки Шумо – ҷавонони саодатманди диёр, Ватани азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори пешрафту дастовардҳои тозаву муҳим, обрӯю эътибори баланду шоиста хоҳад шуд.

Мо имсол ҷашни истиқлолро дар остонаи ҳаводиси муҳим, яъне Интихоботи президентӣ истиқбол хоҳем гирифт. Ин ҷост, ки бо қарори Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон, участкаҳои интихоботӣ дар назди сафоратхонаҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои 29 кишвари хориҷӣ кушода мешаванд.

Ба самъи ҳамаи онҳое, ки айни замон дар қаламрави кишвари иқомат ҳузур доранд, мерасонем, ки 11 октябри соли 2020 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин, воқеъ дар шаҳри Пекин (No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.; tel.:(8610)-65322598, fax:(8610)-65323039; e-mail: tajembbeijing@mfa.tj) низ участкаи интихоботӣ ифтитоҳ меёбад, то  ки  шаҳрвадони мо аз ҳуқуқи конститутсионии худ  истифода намуда, ба дастгирии номзади арзанда раъй диҳанд.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат, аз онҳое, ки айни замон дар Чин қарор доранд, хоҳишмандем, ки ба Сафорат дар тамос шаванд. Боварии комил дорем, ки ҷавонону донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар баргузории ин чорабинии муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Ба касе пӯшида нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ нисбати ҷавонон дар кишварамон талоши пайваста дошта, доимо ёдовар мешаванд, ки маҳз  ҷавонони саодатманд ҳамчун нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои рушди кишварамон саҳми босазои худро гузоранд.

Сафорати Тоҷикистон низ бар он назар аст, ки донишҷӯёни тоҷики муҳассили мактабҳои олии Чин  бояд бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои барояшон  фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаашонро дар ин кишвар аз худ намоянд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд, забон ва фарҳанги Чинро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаи хеш амиқ омӯзанд, рафтору кирдори некро пеш гиранд, дар кишвари иқомат Ватан ва миллати тоҷикро ба таври шоиста  муаррифӣ  кунанд. Бо ин ҳама рафтору кирдор ва амалҳои болозикр онҳо метавонанд дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ мусоидат намоянд.

Давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҷонибдори баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонону наврасон, таҳкими дӯстӣ, рафоқат, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллату халқиятҳои гуногун, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсиву ҷамъиятӣ, омӯзиши илму ҳунар, тарзи ҳаёти солим ва дар рӯҳияи башардӯстӣ тарбия намудани ҳар яки шумоён- ҷавонону наврасон аст.

Дӯстони азиз, ҳамватанони гиромӣ!

29 сол фурсати зиёд нест. Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, руҳу тавон мегиранд.

Мо бояд дарк намоем, ки дар муддати 29 соли истиқлолият  тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем.

Ин ҷост, ки мояи ифтихорро бояд дар қалбҳоямон поянда дорем, масъулият дошта бошем, ки тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистон дар ихтиёри худамон аст. Ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд аз тамоми ҳастӣ озодиву пешрафти сарзамини аҷдодии худро хоҳон бошад, амнияту субот, ваҳдати миллиро ҳифзу таҳким диҳад.

Аҳли кишвар, бахусус ҷавонону наврасон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ – Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.

Чунин аст оини ватандорӣ!

Дар ин рӯзҳои саиди идона, ба ҳар яки шумо, ҳамватанони азиз, пеш аз ҳама тансиҳатии комил, сарбаландӣ, рӯҳи болидаву иқболи нек, комёбиҳои тоза ва ба хонадони Шумо ободиву осудагӣ таманно дорам.

Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад!

 

Бо эҳтиром,

Кордори Сафорати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Муҳаммад Эгамзод