Қадршиносии Си Ҷинпин аз қаҳрамонони мубориза бар зидди Covid-19

08.09.2020(05:56)

8 сентябри соли 2020 дар Қасри вакилони мардумии Чин маросими ботантанаи ҷоизасупории Раиси Чин Си Ҷинпин ба қаҳрамонони мубориза бар зидди эпидемияи Covid-19 дар кишвари иқомат доир гардид, ки дар он Кордори Сафорати Тоҷикистон дар Чин Муҳаммад Эгамзод иштирок дошт.

Дар маросими тантанавӣ академик, мутахассиси шинохтаи соҳаи тиб дар бахши бемориҳои сироятӣ-респираторӣ Чжун Наншан бо “Ордени Ҷумҳурӣ”, ки олитарин ҷоизаи давлатӣ аст, ки барои саҳми арзанда дар “бунёд ва рушди Чин” дода мешавад, сарфароз гардид.

Ҳамчунин, коршиноси соҳаи тибби анъанавӣ Чжан Боли, сардухтари Бемористони махсуси табобати COVID-19 дар шаҳри Вуҳани музофоти Хубэй Чжан Динъюй ва олими соҳаи тиб Чэнь Вэй бо унвони “Қаҳрамони халқӣ” мушарраф карда шуданд.