Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

08.07.2020(06:27)

7 июли соли 2020, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид.

Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».