Сироҷиддин Муҳриддин дар видеоконфронси байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ширкат намуд

19.06.2020(16:01)

18 июни соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» бо иштироки роҳбарияти СММ, Барномаи рушди СММ ва Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ ширкат варзид. 

Дар ҷараёни видеоконфронс вазирон тақвияти иттифоқи назар бо кишварҳои шарики ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19 дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», мусоидат ва робитаи мутақобил дар барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ширкаткунандаи «Камарбанд ва роҳ» баъди ҳамагирӣ, инчунин дастгирӣ ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»-ро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»: муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19» қайд намуд, ки дар айни замон моро зарур аст, то баҳри пешгирии муштараки паҳншавии баъдии коронавирус ва барқарорсозии рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишварҳоямон чораҳои амалии муштарак андешем.

Дар ин робита, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин кишварҳои дигар, муассисаҳои СММ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирӣ ва кумакҳои саривақтӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавируси нав дар кишвари мо изҳори сипос гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ санади ниҳоии видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» қабул гардид.