Мулоқоти Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо Раиси Анҷумани омӯзиши рушди устувори шаҳрҳо ва маҳалҳои Чин -SUC Ли Сианг

08.06.2020(14:05)

3 июни соли 2020 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо Раиси Анҷумани омӯзиши рушди устувори шаҳрҳо ва маҳалҳои Чин – SUC (Sustainable Urban Development and Livable Garden Community Programme) ҷаноби Ли Сианг доир шуд, ки зимни он ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба мавзӯи  «Рушди устувори шаҳрҳо ва маҳалҳо», ки яке аз самтҳои асосии иҷрои муштараки барномаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030 мебошад, баррасӣ намуданд.

Парвиз Давлатзода аз густариши ҳамкорӣ бо Анҷумани омӯзиши рушди устувори шаҳрҳо ва маҳалҳои Чин SUC – (Sustainable Urban Development and Livable Garden Community Programme) дар самти «Рушди устувори шаҳрҳо ва маҳалҳо» – барномаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030, истиқбол намуда, пешниҳод кард, аз имкониятҳои ҷонибҳо дар давраи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (2020-2021) истифода бурда шавад.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар ростои густариши робитаҳо дар самти рушди устувори шаҳрҳо ва маҳалҳо, ҳамчунин ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар самти сохтмони шаҳрҳо, савдои дуҷониба, илму техника, фарҳангу маориф мусоидат намояд.