Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ҷамъияти дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷа 

27.05.2020(15:15)

26 майи соли ҷорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода аз Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷа боздид ба амал овард.

Дар рафти мулоқот бо Раиси Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷа Лин Сонгтиен миёни ҷонибҳо мубодилаи афкор роҷеъ ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои  минтақавӣ сурат гирифт.

Раиси Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷа Лин Сонгтиен омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин  ва Ҷамъияти дӯстии  Тоҷикистон баён намуд.

Ҷонибҳо ба зарурати густариш ва тақкими ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистон ва Чин дар доир намудани чорабиниҳои муштарак дар заминаи барномаҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.