Иштироки Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии фарҳанг ва санъати Хайан

27.05.2020(15:04)

23 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хайани музофоти Тсзянсу маросими ифтитоҳи Фестивали фарҳангӣ ва Фестивали байналмилалии мубодилаи фарҳангӣ дар доираи “Камарбанд ва роҳ” баргузор гардид.

Дар доираи ифтитоҳи ин чорабинӣ табрикоти видеоии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ба намоиш гузошта шуд, ки зимни он оид ба аҳамияти мубодилаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар доираи барномаи “Як камарбанд, як роҳ” сухан мерафт.

Бояд қайд кард, ки намоишгоҳ дар ҳошияи Фестивал, ки аз ҷониби шӯъбаи тарғиботии Кумитаи Ҳизби Коммунисти музофоти болозикр, Бюрои фарҳанг, радио, телевизион ва сайёҳии шаҳри Хайан ва Кумитаи маъмурии Минтақаи рушди иқтисодию технологии Хайан ташкил шудааст, то 29 майи соли равон идома хоҳад ёфт.

Дар ҳошияи намоишгоҳ, дар баробари гӯшаҳои Чин, Эрон ва Миср, иштирокчиён аз гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон, аз ҷумла аз гулдӯзиҳои “Чакан”, расмҳо ва маҳсулоти ҳунарии тоҷикон низ боздид намуданд, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил карда шудааст.