Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин

06.05.2020(11:39)

5 майи 2020 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван И баргузор гардид.

Дар он суҳбат муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои гуногун дар чаҳорчӯби шарокати стратегии ҳамаҷониба ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 баррасӣ шуданд.