Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо Котиби генералии СҲШ Владимир Норов

10.04.2020(13:07)

9 апрели соли 2020 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Котиби генералии СҲШ Владимир Норов доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо пеш аз ҳама вазиъияти пандемияи коронавирусро, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, баррасӣ намуда, таъкид бар он намуданд, ки кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои аъзои СҲШ танҳо дар муттаҳидӣ ва кумаки тарафайн метавонанд зидди ин вабои замона мубориза баранд.

Дар рафти вохурӣ, ҳамчунин масоили гуногуни рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар доираи СҲШ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои асосии Созмон дар соли 2020-2021 – ҷаласаи  идонаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе ва дигар чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ, ки ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, баррасӣ намуданд.