Интихоботи парлумонӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар ҶМЧ

01.03.2020(14:01)

1 марти соли 2020 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқъ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бинобар пурзӯр гардидани чораҳои зидди паҳншавии эпидемияи коронавируси шакли нав дар кишвари иқомат дар овоздиҳӣ дипломатҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин кормандони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (шаҳрвандони Тоҷикистон) ва аъзои оилаи онҳо ширкат намуданд.