1 март- интихоботи порлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.02.2020(17:29)

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маълумоти шаҳрвандони мо, ки айни замон дар кишвари иқомат қарор доранд,  мерасонад, ки дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми декабри соли 2019, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар интихоботи даъвати нав барои курсии вакилон намояндагони 7 ҳизби сиёсии кишвар – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон талош хоҳанд варзид.

Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ дар шаҳри Пекин комиссияи участкавӣ ва нуқтаи овоздиҳӣ таъсис дода шудааст.

Бо вуҷуди  он, ки дар асоси муқаррароти Комиссияи махсуси Кумитаи давлатии Чин оид ба тандурустӣ аз моҳи январи соли ҷорӣ ин ҷониб ба хотири пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии короновирус дар саросари Чин, аз ҷумла дар шаҳри Пекин, тадбирҳои шадиди санитарию зиддиэпидемиологӣ ва карантин эълон гардида, гузарондани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, ҷамъомаду маҷлисҳо, маъракаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар нишастҳо, ки иртиботи одамони зиёдро фароҳам хоҳанд овард, манъ шудааст, Сафорат тасмим гирифтааст, ки 1 марти соли 2020, аз соати 10:00 то 18:00 дар бинои намояндагӣ воқеъ дар нишонии No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.;  tel.: (8610) 65322598, fax: (8610) 65323039;  e-mail: tajembbeijing@mfa.tj ин маъракаи муҳимми сиёсиро баргузор намояд.

Бинобар ин, ба маълумоти шаҳрвандони мо- асосан донишҷӯёни тоҷикистонии муҳасисили донишгоҳҳои олии шаҳри Пекин, ки айни замон дар кишвари иқомат қарор доранд,  мерасонем, ки шумоён метавонед танҳо дар ҳолати дар даст доштани иҷозати расмии мақомоти донишгоҳатон барои берун рафта, дигарбора ба хобгоҳ бозгаштан дар чунин вазъити эпидемиологӣ, аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуда, дар маъракаи овоздиҳӣ иштирок намоед.

Дар ҳолати ба миён омадани саволҳо ва зарурати шинос шудан бо барномаи интихоботии ҳизбҳо ва номзадҳо ба вакилӣ шаҳрвандон метавонанд ба сомонаи расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти нишонии http://kmir.tj ва ё Комиссияи участкавии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо нишонии зерин муроҷиат намоянд: No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.;  tel.: (8610) 65322598, fax: (8610) 65323039;  e-mail: tajembbeijing@mfa.tj