МУРОҶИАТНОМАИ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба донишҷӯёни тоҷикистонии муҳассили донишгоҳҳои олии кишвари иқомат ва дигар шаҳрвандони мо, ки дар Чин қарор доранд

25.01.2020(10:00)

Тавре, ки огоҳем, рӯзҳои охир нисбати дар чандин шаҳрҳои Чин ба назар расидани як вируси нав ва ношинохта, ки онро ба кадом як коронавируси маргбор шабоҳат медиҳанд, сару садоҳо ба миён омада, боиси ба таҳлука афтодани одамони зиёд шудааст.

Бинобар ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба донишҷӯёни тоҷикистонии муҳассили донишгоҳҳои олии кишвари иқомат ва дигар шаҳрвандони мо, ки дар Чин қарор доранд, муроҷиат намуда, ба мақсади пешгирӣ ва сирояти ин вирус хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои зерини беҳдоштиро риоя намоянд:

– худдорӣ намудан аз нӯшидани оби ноҷӯшонида аз системаҳои марказии обтаъминкунӣ;

– истеъмол накардани ғизои хом ва ё маҳсулоти гӯштӣ, ки ба таври лозимӣ пухта (ҷӯшонда ва ё бирён) нашудаанд, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ;

-бо собун шустани даст пеш аз хурокхӯрӣ, ба таври лозимӣ шуста, баъдан таъомул намудани сабзавот ва меваҷот;

– худдорӣ намудан аз гаштугузори бардавом дар ҷойҳои серодам;

-истифода намудан аз ниқоб (даҳонбандак) ҳангоми боздид аз ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Ин вирус, ки нахуст дар шаҳри Вухани вилояти Хэбей пайдо шуда дар дигар шаҳрҳо низ ба қайд гирифта шудааст, айни замон нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Мақомоти кишвари иқомат дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сарчашмаҳо ва роҳҳои пешгирии онро пайдо хоҳанд кард.

Аммо, бо вуҷуди он, ки ҳоҷати ба таҳлука афтодан нест, Сафорат бар он назар аст, ки нигоҳ доштани тадбирҳои беҳдоштӣ муҳим мебошанд.

Аз ин лиҳоз, дар муроҷиат ба шаҳрвандони мо хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати эҳсос намудани нишонаҳои гирифторӣ ба бемориҳои шамолхӯрда, аз қабили ҳарорати баланд, хастагии ҷисм, сурфаи кутоҳ ва нафаскашии душвор ҳатман ба духтурон муроҷиат намоянд.

 

Ҳукумати Чин, ки кишвари абарқудрат аст, вазъиятро ба пуррагӣ назорат намуда, роҳҳои дурусти ҳалли ин масъаларо дида истодааст.

Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Чин дар тамоси доимӣ қарор дорад. Айни замон, ба хабару овозаҳои иғвоангез, ки дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда истодаанд, дода нашуда, беҳтараш ба масъалаҳои зерин бояд аҳамият дод:

  1. Иҷрои бечунучарои талаботи мақомоти чинӣ дар мавриди риояи тартиботи ҷорӣ;
  2. Барқарор намудани алоқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин танҳо тавассути сомонаи расмии он, саҳифаи WeChat-и Сафорат, почтаи электронӣ ва рақамҳои телефони намояндагии дипломатӣ. Ҳангоми муроҷиат ному насаби пурра, шаҳри иқомат, номи пурраи Донишгоҳ ва рақами телефони нафари муроҷиаткунанда бояд зикр карда шавад;
  3. Мақсади мақомоти чинӣ аз пешгирии сафар ва гаштугузори аҳолӣ, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ, роҳ надодан ба паҳншавии ин вирус аст. Дар ҳолати дар ҷойи худ қарор доштани аҳолӣ, барҳам задани нуқтаҳои мавҷудияти вирус осонтар хоҳад шуд.
  4. Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард. Аммо, айни замон талаботи мақомоти чиниро бояд ҳамагӣ бечунучаро иҷро намоянд.
  5. Шаҳрвандони моро лозим аст, ки дар ҳолатҳои фавқулодда бояд фавран ба мақомоти маҳаллӣ ва мустақиман ба масъулони зерини Сафорати Тоҷикистон дар Чин муроҷиат намоянд: Суҳроб Қодиров (+86 18511786686); Амриддин Носиров (+86 18514270747) ва Пирмухамедов Фаромуз (+86 13522787975).

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин