Филми “Хаёлфурӯш” дар Чин ҷоиза гирифт

22.01.2020(08:20)

Филми тоҷикии “Хаёлфурӯш”-и коргардони синамо Шарофат Арабова ҳамчун яке аз филмҳои беҳтарин ба ҷоизаи “Golden Begonia Award” (“Бегонияи тиллоӣ”)-и Фестивали 7-уми филмҳои кутоҳмуддати Осиё (7th Asian Micro Film Art Festival) дар Чин мушарраф гардид.

Кинофестивали мазкур моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Линтсани музофоти Юннан доир гардид, ки дар он филмҳои коргардонҳои синамои беш аз 20 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда буданд. Қарори ҳайати доварон нисбати баъзе филмҳои истеҳсоли хориҷии иштирокдори Фестивал, ахиран баъди гузарондани тамошои бодиққат ва тарҷумаи онҳо ба забони чинӣ ироа гардид.