Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Донишкадаи тадқиқоти Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин

15.01.2020(13:07)

15 январи соли 2020 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарият ва олимони Донишкадаи тадқиқоти Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Сафир роҷеъ ба натиҷаҳои асосии рушди устувори Тоҷикистон, навовариҳои назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии кишвар изҳори назар намуд.

Сафир ба суботи сиёсӣ, муттаҳидшавии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, натиҷаи иродаи қавӣ ва хирадмандии мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сафир ҳамчунин аз татбиқи вазифаҳо ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла раисии кишвар дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ёдовар гардида, оид ба оғози раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Раванди Истамбул оид ба Афғонистон, ба раванди омодагиҳои кишвар ба раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маълумот дод.

Мавриди зикр аст, ки дар бахши алоҳидаи суханронии худ Сафир оид ба масъалаҳои равобити Тоҷикистону Чин, ҳамчунин дар ҳошияи Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё низ изҳори назар намуда, ба саволҳои сершумори ҳозирин оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Точикистон ва Чин посух дод.

Дар рафти мулоқоти дӯстона ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории сохторҳои тадқиқотии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.