Нашри лифофаҳои ҷашнӣ ба муносибати 28-солагии истиқрори равобити дипломатии Тоҷикистону Чин

10.01.2020(07:58)

9 январи соли 2020 дар Осорхонаи Jin Tai Art-и шаҳри Пекин бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Бунёди сулҳ ва рушди Чин маросими ботантанаи муаррифии лифофаҳои ҷашнӣ, ки ба муносибати 28-солагии истиқрори равобити дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шудаанд, доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шудаанд.

Лифофаҳои ҷашниро Бунёди сулҳ ва рушди Чин ба муносибати ин санаи муҳим бо адади 50000 дона нашр намудааст. Муаллифони мусаввараи асосии руйи лифофаҳо “Рақс дар домони Помир” рассоми тоҷик Ғафур Ҷӯраев ва ҳамтои чинии у Чэн Тсзян мебошанд.

Дар мусаварра дида мешавад, ки дар домони кӯҳҳои сарбафалаки Помир гурӯҳи духтарони тоҷик дар тан либоси милии “Чакан” рӯйи сабзазор рақсу шодӣ доранд. Дар шафати онҳо қуллаҳои барфпӯши кӯҳистони тоҷик ва осмони нилгун ба назар мерасад.

Ин асари мусаввирони тоҷику чинӣ, ки бо завқи баланд ва рангҳои ҷолиб офарида шудааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки халқҳои Тоҷикистону Чин бо ҳам дӯстони қарин, ҳамчун аъзои як оила буда, дар ҳавзаи кишварҳои Роҳи бузурги абрешим рӯзгори шоду фархунда доранд.

Дар як кунҷи лифофаҳои ҷашнӣ ҳамчун мусаввараи асосӣ нақши “Пули тиллоии Роҳи абрешим” низ ҷой дода шудааст, ки ба қалами рассоси чинӣ Шу Юн дахл дорад. Ба андешаи муаллиф, ороиши лифофаҳои ҷашнӣ ба бунёди “пули фарҳангӣ”, ки бояд Чинро бо дигар кишварҳои чаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон пайвандад, нигаронда шудааст.