Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин

07.01.2020(12:16)

7 январи соли 2020 дар шаҳри Пекин дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба муносибати ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар  ва натиҷагирии муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соли 2019 бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи бонуфуз ва серхонандаи Чин нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода баргузор гардид.

Тавре Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, тайи ҳафт соли охир рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7% таъмин гардид ва Тоҷикистон талош дорад минбаъд низ чунин сатҳи суботи иҷтимоӣ-иқтисодиро нигаҳ дорад ва афзоиши рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар сатҳи 7-8% таъмин намояд.

Вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, захираҳои обӣ ва “иқтисодиёти сабз” қайд карда шуд, ки тибқи арзёбии байналмилалӣ, Тоҷикистон ташаббусгари ҷаҳонӣ дар масъалаҳои об эътироф гардида, оид ба ҳалли мушкилиҳои глобалии обӣ мавқеи пешбари худро дар зарфи ду даҳсолаи охир нигаҳ дошт.

Аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 135 – умро ишғол менамояд, ки ин саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мебошад.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд. Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.

Дар соҳаи нақлиёт дар бораи имзо гардидани Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)-Ҷайҳун-Панҷи Поён-Шерхон Бандар (Афғонистон) хабар дода шуд. Қайд гардид, ки он ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба ҳисоб рафта, метавонад барои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон—Эрон мусоидат намояд.

Ҳамчунин ифтитоҳи бомуваффақи роҳи автомобилгарди “Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон” ва ҳарчи зудтар мавриди истифода қарор гирифтани роҳи автомобилгарди “Чин-Тоҷикистон-Афғонистон” барои рушди имкониятҳои транзитии минтақа саҳми муҳим дониста шуд.

Рӯйдоди назаррас дар ҳаёти фарҳангии кишвар қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар бораи таҷлили 5500 солагии Саразми қадима, ки ба номгӯи ёдгориҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст, маънидод гардид.

Қайд гардид, ки бинобар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба маркази муҳокимаи масъалаҳо ва мушкилиҳои минтақавию глобалӣ табдил ёфт.

Дар соли 2019 дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ баргузор шуданд, аз ҷумла Ҳамоиши панҷуми сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатро дар як қатор созмонҳои минтақавӣ ва сохторҳои онҳо ба зимма дошт, аз ҷумла дар МҲТБО, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Форуми ҳамкориҳо оид ба амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо.

Соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор карда мешавад, раёсати Тоҷикистон дар МҲТБО идома меёбад, ҳамчунин дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, Раванди Стамбул оид ба Афғонистон, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ раёсат ба Тоҷикистон мегузарад.

Дар бахши алоҳидаи суханронии худ Сафири Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои бадастомада дар муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин ҳамкориҳо дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳою иттиҳодияҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори назар намуд.

Тавре Сафири Тоҷикистон қайд намуд, соли 2019 дар муносибатҳои дуҷониба соли бобарор ва сарбор аз чорабиниҳои муҳим буд.

Моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуввуми сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалии “Камарбанд ва роҳ” ва маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 иштирок доштанд.

Моҳи майи соли 2019 сафари расмии узви Шӯрои давлатии Чин, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ван И ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Моҳи июни соли гузашта Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод ва дар Ҳамоиши панҷуми сарони давлатҳои аъзои МҲТБО ширкат намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи равобити дӯстона ва ҳамсоягии нек миёни мардумони Тоҷикистон ва Чин, рушди ҳамкориҳои мутақобилан муфиди тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар фазои тантанавӣ Раиси ҶМЧ Си Ҷинпинро ба мукофоти давлатии Тоҷикистон – Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I сарфароз гардониданд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин қайд намуд, ки дар баробари дастоварҳои муҳим дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва дар соҳаи амният, ҳарду кишвар ба натиҷаҳои намоён дар ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ноил шуданд.

Аз ҷумла, дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва коршиносони пешбари кишвари иқомат ва рӯнамоии муаллифии китоби арзишманди таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” доир гардид.

Дар шаҳрҳои Пекин ва Сиан бомуваффақона Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоиши байналмилалии “Дурдонаҳо аз осорхонаи Роҳи бузурги абрешим” ва Карнавали боҳашамати фарҳанги Осиёӣ дар шаҳри Пекин, инчунин дар Фестивали байналмилалии филмҳои кутоҳмуддат дар шаҳри Вэйфан ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол “Роҳи абрешим – Хуашань-2019  ба таври шоиста намояндагӣ гардид.

Дар доираи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО 2019 таҳти шиори “Боғдорӣ барои рушди деҳот” чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи миллии Тоҷикистон” доир карда шуданд. Оид ба ҷамъбасти кору фаъолияти Намоишгоҳи мазкур ғурфаи Тоҷикистон бо мукофоти тиллоӣ он сарфароз гардонида шуд.

Дар охири соли сипаригашта, дар пойтахти Чин шаҳри Пекин дар Донишгоҳи Шаҳрии Пекин Марказхи табодули фарҳангии Тоҷикистону Чин дарҳои худро боз намуд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Парвиз Давлатзода ба саволҳои хабарнигорон оид ба самтҳои болозикр посух дод.