Иштироки Сафири Тоҷикистон дар муаррифии Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo»

23.12.2019(15:29)

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар чорабинии муаррифии Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo», ки 20 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ Сафир ба ташкилкунандагони чорабинӣ ва даъвати ҷониби Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоишгоҳ изҳори сипосу минатдорӣ намуда, баргузории Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo»-ро майдони фарохи ба роҳ мондани иртиботҳои иқтисодию тиҷоратӣ арзёбӣ кард. Сафир таъкид намуд, ки баргузории ин намоишгоҳ, барои муаррифии маҳсулоти кишварҳои Аврупо ва Осиё, хусусан барои воридшавии маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин имконоти хуб фароҳам меоварад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo» аз 3 то 9-уми сентябри соли 2020 дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад ва ҳамасола дар он якчанд роҳбарони давлатҳо ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои гуногун иштирок мекунанд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo» иштирок ва суханронӣ намуда буданд.