Иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои МҲТБО дар Чин

20.12.2019(19:37)

18-19 декабри соли 2019 дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд, ки дар онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шоиста намояндагӣ гардид.

Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони 23 кишвари аъзо ҷаласаи навбатии Кумитаи кормандони аршади МҲТБО доир гардид ва ҳайати кишвар дар он бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок ва раисӣ намуд.

Дар рафти он масъалаҳои мубрам ва муҳими ҳамкорӣ дар доираи ин нищоди минтақавӣ муҳокима шуда, натиҷа ва мувофиқаҳои бадастомада дар Протокол ва қарорҳои ҷаласа дарҷ гардиданд.

Роҳбарони ҳайатҳои дар ҷаласа ширкатдошта натиҷаҳои Ҳамоиши панҷуми сарони давлатҳои аъзои МҲТБО, ки 15 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, инчунин саҳми раёсати Тоҷикистонро дар пешбурди равандҳои МҲТБО баланд арзёбӣ намуданд ва он дар ҳуҷҷатҳои ниҳоии ҷаласа инъикоси худро ёфт.

Ҳайати мазкур ҳамчунин 19 декабри соли ҷорӣ дар маросими кушодашавии даври сеюми Форуми ташкилотҳои ғайридавлатии МҲТБО иштирок намуд. Баромадкунандагони Форуми номбурда низ аз натиҷаҳои пурмуҳтавои саммити мазкур ёддовар шуда, вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар Осиё дар соҳаҳои мухталиф изҳори назар карданд.

Дар ин маросим дар қатори баромадкунандагон Директори иҷроияи Котиботи МҲТБО Ҳабибулло Мирзозода (намояндаи Тоҷикистон), собиқ Сафири Тоҷикистон дар Чин, собиқ Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов ва муовини Котиби генералии СҲШ Шералӣ Ҷонон (намояндаи Тоҷикистон) суханронии пурмуҳтаво намуданд.

Намояндагони кишвар ҳамчунин дар мизҳои мудаввари Форум иштироки фаъолона доштанд, аз ҷумла дар мизи мудаввари “Осиёи сабз, фарогир ва устувор” Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди устувори минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон” ва дар мизи мудаввари “Таҳкими муколама ва ҳамкориҳои матбуот” хабарнигори Агентии иттилоотии “Авеста” Абдураҳмон Раҳмонов дар мавзӯи “Нақши васоити ахбори омма дар ҳамбастагӣ ва рушди иқтисодии соири давлатҳои аъзои МҲТБО” суханронӣ намуда, оид ба мавзӯъҳои баромадҳояшон изҳори назар карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2018-2020 раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба уҳда дорад.