Ифтитоҳи тантанавии Маркази табодули фарҳангӣ дар Пекин

20.12.2019(13:49)

17 декабри соли 2019 дар шаҳри Пекин бо ибтикори Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи Шаҳрии Пекин (Beijing City University) дар фазои тантанавӣ маросими ифтитоҳи расмии Маркази табодули фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии Чин, ходимони намоёни фарҳанг ва санъат, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва васоити ахбори оммаи кишвари иқомат, роҳбарон ва кормандони як қатор сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Чин, марказҳои фарҳангии кишварҳои хориҷа дар шаҳри Пекин, инчунин донишҷуён аз Тоҷикистон иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ба Ректори Донишгоҳи Шаҳрии Пекин барои мусоидат ҷиҳати кушодани Марказ ва таъмини шароитҳои беҳтарин барои фаъолияти минбаъдаи бомуваффақи он арзи сипос карда, кушода шудани Марказро ҳамчун идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайвандид, тавсиф намуд.

Ӯ қайд кард, ки имрӯзҳо муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дар асоси шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин шакли ҳамкорӣ метавонад танҳо бо такя ба дастовардҳои маънавии кишварҳои мо ва таҳкими иттиҳоди фарҳангии мардумон ба таври кофӣ устувор бошад.

Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки маҳз дастовардҳо ва имкониятҳои маънавӣ захираҳои бебаҳое мебошанд, ки бе ба инобат гирифтани онҳо ба сатҳи нави пурмуҳтавои ба ояндаи стратегӣ нигарондашуда баровардани ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо душвор мебошад. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки маҳз аз ҳамин гуна ташаббусҳо ва чунин лоиҳаҳо бофтаҳои зиндаи шарикии стратегии кишварҳои мо гузошта мешаванд.

Парвиз Давлатзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки дарҳои Марказ барои дӯстон, шарикон ва ҳамаи онҳое, ки Тоҷикистонро азиз медонанд, таърих, фарҳанг, санъат ва ҳаёти мардуми хушнамою боистеъдоди мо барои онҳо шавқовар аст, ҳамеша кушода хоҳад буд, инчунин барои он нафароне, ки мехоҳанд дар рушди робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Чин саҳми худро гузоранд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Ректори Донишгоҳи Шаҳрии Пекин Лиу Лин суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати кушодашавии Марказ муборакбод гуфт. Ӯ қайд намуд, ки ифтитоҳи чунин Марказ як такони ҷиддие дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва Ректори Донишгоҳи Шаҳрии Пекин бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ таъсис ёфтан ва фаъолият кардани Маркази табодули фарҳангиро расман эълон намуданд.

Дар доираи барномаи баргузории чорабинӣ намоиши аксҳо дар бораи ҳамкориҳо бо кишвари иқомат дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ ташкил карда шуд.

Меҳмонони чорабинӣ ҳамчунин аз Марказ дидан намуда, бо таърих, фарҳанг, эъҷодиёт, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва мавзеъҳои ҷолиби диққати кишвар аз наздик ошно шуданд.

Ба таваҷҷуҳи меҳмонон ҳамчунин барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳунарманди ҷавон ва ояндадор Зафар Абдуалимов, духтарон аз Ансамбли давлатии Тоҷикистон  “Базморо” ва гурӯҳи ҳунармандон аз Чин пешкаш гардид. Ҳамчунин намоиши либоси миллии “Чакан” аз ҷониби тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов баргузор карда шуд. Ҳамаи чорабиниҳои номбурда ба ҳозирин писанд омада, меҳмонон ҳар як чорабиниро гарм истиқбол карданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар арафаи баргузории ин чорабинӣ, 27 ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи Шаҳрии Пекин маросими ба имзо расондани Ёддошти тафоҳум байни Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи Шаҳрии Пекин (Beijing City University) дар бораи таъсиси  “Маркази табодули фарҳангӣ” доир гардида буд. Санади мазкурро Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва Ректори Донишгоҳи Шаҳрии Пекин Лиу Лин имзо намуданд.

Дар назди Маркази навтаъсисдодашуда нақшаю вазифаҳои зиёде истодаанд. Пеш аз ҳама, ташвиқу тарғиби забони тоҷикӣ, таърих, фарҳанг ва санъати мардуми тоҷик, баргузории форумҳо, намоишҳо, консертҳо, шабҳои эъҷодӣ, презентатсияҳо ва чорабиниҳои муштараки фарҳангии гуногун мебошад. Марказ ба ташкилотҳо ва шаҳрвандони Тоҷикистону Чин дар истиқрори робитаҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, илм ва техника, тибб ва муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ дастгирии иттилоотӣ хоҳад расонд.

Маркази табодули фарҳангӣ аз толорҳои васеи қабули меҳмонон ва баргузории чорабиниҳо, китобхона, инчунин синфхона барои ташкили омӯзиши забони тоҷикӣ ва забони чинӣ иборат мебошад. Дар китобхонаи Марказ китобҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дигар китобҳою маводҳои иттилоотӣ ва аудио видео маводҳо дар бораи таърих, фарҳанг, санъат, имкониятҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои ҷолиби диққати кишвар ҷойгир мебошанд.

Марказ бо аксҳои сарони ҳарду давлат, ҳамчун нишонаи робитаҳои дӯстона миёни онҳо, бунёдгузори давлати Сомониён Исмоилӣ Сомонӣ ва бо мусаварраҳои манзараҳо, мизу курсиҳои дар Марказ буда бо сузанию гулдузӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ оро дода шудаанд.