Иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Намоиши муди либосҳои миллӣ миёни корпуси дипломатии муқими Чин

11.12.2019(15:04)

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Намоиши муди либосҳои миллӣ миёни корпуси дипломатии муқими Чин, ки санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин доир гардид, иштирок намуд.

Дар Намоиш либосҳои миллии тоҷикӣ бо рангу услуби гуногун, нақшу нигори миллӣ ва тарҳу мазмуни баланд ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби иштирокчиён хуб пазироӣ карда шуданд.

Чорабинии мазкур ҳамасола бо мақсади муаррифӣ ва шинохти сару либоси миллии кишварҳои хориҷии муқими Чин, байни корпуси дипломатӣ доир карда мешавад.