Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Чин бо муовини Мудири Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии КМ ҲКЧ

04.12.2019(12:14)

2 декабри соли 2019 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо муовини Мудири Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин Чиан Хуаншан (дар мақоми муовини вазир) дар доираи сафари дарпешистодаи ӯ ба Тоҷикистон доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, татбиқи мувофиқаҳои бадастомада дар рафти музокироти Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи олӣ, ки моҳҳои апрел ва июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Душанбе баргузор шуданд, инчунин таҳкими минбаъдаи робитаҳои байниҳизбӣ, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои ҳамкориҳои амалии дуҷониба муҳокима гардиданд.