Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Чин дар Форуми тамаддунҳои қадим

03.12.2019(12:27)

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо мақсади намояндагӣ кардан аз мардуми куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик дар сеюм Форуми тамаддунҳои қадим, ки 29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Пекин баргузор шуд, иштирок намуд.

Таъсис додани Форуми номбурда ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ дар Эъломияи Афина оид ба натиҷаҳои якум Форуми тамаддунҳои қадим, ки бо ташаббуси муштараки Юнон ва Чин 27 апрели соли 2017 дар шаҳри Афина доир гардид, пешбинӣ шудааст. Форуми мазкур дар сатҳи вазирон таъсис дода шуда, ҳамасола бонавбат дар кишварҳои аъзои он баргузор мешавад.

Давлатҳои аъзои Форуми мазкур нӯҳ кишвар, аз ҷумла Арманистон, Боливия, Чин, Миср, Юнон, Эрон, Ироқ, Италия ва Перу мебошанд. Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Штатҳои Муттаҳидаи Мексика кишварҳои нозири Форуми зикршуда ба ҳисоб мераванд.

Мақсади таъсис додани Форуми тамаддунҳои қадим ин фароҳам овардани майдони муколама ва табодул байни кишварҳои аъзои Форуми номбурда, мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳамулпазирӣ миёни тамаддунҳо, нажодҳо ва мазҳабҳо, таҳияи мавқеи мувофиқашуда оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО маънидод гардидааст.