Мулоқоти Парвиз Давлатзода бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчэн

12.11.2019(12:05)

11 ноябри соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лэ Юйчэн баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гардид, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ намуданд.

Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчэн ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намуданд.

Онҳо қайд намуданд, ки миёни Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ гуфтугӯи доимии сиёсӣ барқарор гардидааст, ки зимни баррасии бисёре аз масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар рӯзномаи СММ, СҲШ ва МҲТБО мавҷуданд, мавқеи кишварҳои мо бо ҳам мутобиқ ва ё наздик мебошад.

Дар анҷоми мулоқот бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкиму густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарокати стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя баён гардид.